Август 25, 2016 11:50 Asia/Dushanbe
  • Талоши донишмандони тоҷик барои исботи амн будани сади нерӯгоҳи Роғун

Фарҳангистони улуми Тоҷикистон талош дорад, ки бо баргузории як ҳамоиши байналамилалӣ дар Душанбе, ба иддаои давлати Узбакистон дар бораи хатароти зистмуҳитии сади 335 метрии нерӯгоҳи барқӣ обии дар даст сохти Роғун, посух диҳад.

Ба гузориши сойти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ин нишасти байналамилалӣ дар рӯзҳои 25 то 28 августи соли ҷорӣ бо мушорикати донишмандони зилзилашинос, аз 16 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар ин нишаст, роҷеъ ба мавзӯи муқовим будани сади 335 метрии нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун дар баробари зилзила, баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Фарҳод Раҳим-раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар ин бора гуфт, дар ин нишасти байналамилалӣ бо ироаи тамоми аснод ва мадорики мавҷуд, дар бораи зилзилаҳои 80 соли ахир дар минтақа аз ҷумла дар Тоҷикистони феълӣ, бепоя будани иддаои донишмандони Узбакистон бинобар хатарнок будани сохти сад 335 метрии сади нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун, исбот хоҳад шуд.  

 вай таъкид кардааст, ки бо гузашт 102 сол аз пайдо шудан сад 567 метри дарёча сариз дар устон Бадахшон Тоҷикистон, ин сад дар баробартмоми зилзила даҳои болои 7 дараҷа рештри муқовамат кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ду моҳ қабл, Равшан Қодиров донишманди узбак бо хатарнок тавсифи кардани сади дарёчаи Сарез, дар баробари зилзилаҳои эҳтимолӣ, хостори даст бардоштани Тоҷикистон аз идомаи сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун шуда буд.

 

 

Барчасп