Тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои сохти пули нав дар минтақаи мавриди ихтилофи марзӣ
(last modified 2018-02-12T06:16:48+00:00 )
Феврал 12, 2018 11:16 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои сохти пули нав дар минтақаи мавриди ихтилофи марзӣ

Сухангӯи раиси вилояти Ботканди Қирғизистон гуфт, мақомоти ин вилоят ва вилояти Суғди Тоҷикистон барои сохти пули ҷадид дар минтақаи мавриди ихтилофи марзии ду кишвар ба манзури кӯтоҳ кардани роҳи рафтуомади донишомӯзони қирғиз ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши “СА-нюз”, Чолпон Бердиқулов гуфтааст, пас аз он ки марзбонони Тоҷикистон ба нишони эътироз ба насби як контейнер ба унвони пули убури муваққати донишомӯзони қирғиз рӯйи канали обёрӣ дар наздикии рустои Сада, ин гузаргоҳи марзии байналмилалиро бастанд, акнун мақомоти ду кишвар дар бораи сохти пули ҷадид дар ин минтақа ба тавофуқ расидаанд.

Донишомӯзони чанд рустои Қирғизистон ба далели тӯлонӣ будани роҳи мадрасаашон маҷбур буданд, ки ба дунболи масири кӯтоҳтаре бошанд ва ба ин манзур мақомоти вилояти Ботканд рӯйи канали обёрӣ дар наздикии рустои Садаи Тоҷикистон як контейнер ба унвони пули убури муваққат насб карданд, ки ин иқдом бо эътирози марзбонони тоҷик рӯбарӯ шуд ва ба баста шудани гузаргоҳи байналмилалӣ миёни ин ду кишвар анҷомид.

Дар пайи музокироти мақомоти вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон ба ин таниши марзӣ поён дода шуд ва акнун бо сохти пули ҷадиди иртиботӣ ба ҷойи контейнер, рафтуомади донишомӯзони қирғиз ба мадраса осонтар мегардад.

Бо вуҷуди сафари чанд рӯзи қабли раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон, ки интизор мерафт ҷонибҳо дар бораи аломатгузории 450 километри боқимонда аз марзи муштараки 970 километрии ду кишвар ба тавофуқ барисанд, танҳо бо интишори баёнияи сиёсӣ бар зарурати ҳалли ин мушкил таъкид шуд.

Музокироти расмӣ миёни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари аломатгузории марзи муштараки ду кишвар се соли қабл қатъ шуда буд.