Август 27, 2016 10:07 Asia/Dushanbe
  • Пажӯҳишгари рус: Садди нерӯгоҳи

Мудири Маркази пажӯҳиши тарҳҳои нерӯгоҳҳои барқӣ обии Русия таъкид кард, ки садди 335 метрии нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон дар баробари зилзилаҳои шадид муқовим аст.

Ба гузориши "ТОП тҷ", Евгений Беллендир дар ҳамоиши байналмилалии "Баррасии муқовимати садҳои Осиёи Марказӣ муқобили зилзила", ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд гуфт: "Садди 335 метрии нерӯгоҳи барқӣ обии "Роғун" хатари зистмуҳитӣ барои кишварҳои минтақа нахоҳад дошт".

Ин коршиноси рус таъкид кард, ки коршиносони Маркази пажӯҳиши тарҳҳои неругоҳҳои барқӣ обии Русия дар заминаи таъсири ҳаводиси табиӣ бар садди дар ҳоли сохти нерӯгоҳи "Роғун" таҳқиқоти зиёде кардаанд ва бо итминон метавон гуфт, ки ин сад ҳеҷ хатаре барои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ надорад.

Беллендир афзуд: "Сохти нерӯгоҳи барқӣ обии "Роғун" барои Тоҷикистон аз аҳамияти роҳбурдӣ бархурдор аст, вале дар солҳои ахир баҳсҳо дар бораи ин тарҳи муҳими энержӣ сиёсӣ шудааст".

Дар нишасти байналмилалии "Баррасии муқовимати садҳои Осиёи Марказӣ муқобили зилзила" дар Душанбе, коршиносон ва таҳлилгарон аз Эрон, Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия, Амрико, Олмон, Нидерландия, Италия, Покистон, Ҳинд, Чин, Гурҷистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Норвегия дар бораи садсозӣ ва масоили зилзила баҳсу табодули назар мекунанд.

Ин нишасти серӯза то бистуҳаштуми август идома дорад.

 

Барчасп