Феврал 19, 2018 10:32 Asia/Dushanbe
  • Таҳлили коршиноси Бонки Рушди АвруОсиё аз муваффақият дар ҳифзи арзиши сомонӣ

Иқтисоддони аршади Бонки Рушди АвруОсиё гуфт, афзоиши захоири тиллои Бонки Миллии Тоҷикистон монеи сӯиистифодаи судҷӯён дар бозори муомилоти арзии ин кишвар мешавад.

Ба гузориши “Спутник”, Ярослав Лисоволик бо ишора ба хариди чаҳор тон тилло дар соли 2017 аз ширкатҳои тавлиди ин метали гаронбаҳо дар Тоҷикистон аз сӯйи Бонки Миллии ин кишвар гуфтааст, ки вуҷуди ин захоир аз сӯиистифодаи судҷӯён дар бозори муомилоти арзии ин ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ мекунад.

Вай муътақид аст, ки Бонки Миллии Тоҷикистон бо дар пеш гирифтани сиёсати шиддат додан ба мубориза бо афроди судҷӯ дар бозори муомилоти арзӣ, бастани саррофиҳо ва роҳандозии хариду фурӯши арзҳои хориҷӣ танҳо дар марокизи муҷози бонкҳои тиҷорӣ муваффақ шуд, ки дар соли 2017 арзиши сомонӣ - воҳиди пули миллии ин ҷумҳуриро дар баробари доллар ҳифз кунад.

Ба гуфтаи Лисоволик, арзиши як доллар дар баробари сомонӣ дар соли 2017 ва оғози соли 2018 дар ҳадди ҳашт сомонӣ ва 80 дирам боқӣ мондааст, ки дастоварди арзишманде барои Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Иқтисоддони аршади Бонки Рушди АвруОсиё ҳамчунин гуфтааст, бо афзоиши захоири тиллои Бонки Миллии Тоҷикистон, дар ин кишвар ҳимояти қавӣ барои ҷилавгирӣ аз суқути арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ эҷод шудааст, ки барои ин ҷумҳурӣ иқдоми муҳим мебошад.

Чанд рӯз қабл Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аз хариди беш аз чаҳор тон тилло аз ширкатҳои тавлидкунандаи ин филизи гаронбаҳо дар дохили ин кишвар хабар дод.

Ҳамчунин Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кард, дар соли 2017 дар ин кишвар 5.5 тон тилло тавлид шуда, ки дар муқоиса бо соли 2016 ба мизони 2 .11 дарсад бештар будааст.