Боздошти бародарзодаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ
Бархе манобеъ аз боздошти бародарзодаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ноҳияи Вахш ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ хабар додаанд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Нусратуллоҳ Саидов, бародарзодаи шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, зода ва сокини ҷамоати Тоҷикобод (собиқ совхози Туркманистон)-и ноҳияи Вахш рӯзи 16-уми феврал бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт шудааст.
Холмурод Нуриддинов, раиси ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш низ боздошти Саидовро тасдиқ кардааст.
Мақомот мегӯянд, рӯзи 16-уми феврал аз боми дафтар хоҷагии деҳқонии Нусратуллоҳ Саидов ба номи “Истиқлол” ду парчами сиёҳи ДИИШ-ро пайдо ва мусодира кардаанд. Бино ба иттилои манобеи сомонаи “Ахбор”, ҳамроҳ бо Нусратуллоҳ Саидов дар робита бо ин қазия беш аз 10 нафар дастгир шудаанд. Мақомот парчамҳои ДИИШ-ро зуд ҷамъ кардаанд, вале маълум нест, ки ин парчамҳоро кӣ ва кай дар ин ҷо афрохтааст.
Нусратуллоҳ Саидов то замони боздошташ дар ҷамоати Тоҷикобод ҳеҷ масъулияти сиёсӣ надошта ва танҳо ба деҳқонӣ машғул будааст.
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки соли 1997 Созишномаи сулҳро бо Эмомалӣ Раҳмон имзо карда буд, соли 2006 аз олам чашм пӯшид. Дастикам ду тан аз фарзандони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ баъди манъи фаъолияти Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ тарки Тоҷикистон карданд, вале ҳамсари Нурӣ ва чанд фарзанди ӯ дар Душанбе ба сар мебаранд.