Феврал 25, 2018 15:37 Asia/Dushanbe
  • Баргузории  ҷашнвораи

Раиси Кумитаи рушди гардишгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории ҷашнвораи байналмиллалии "Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ" дар шаҳри Душанбе пойтахти ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Ховар, Нуъмон Абдуғаффорзода дар ин бора гуфт: Ин фестивал ба муносибати эъломи соли 2018 ба унвони "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 22 марти имсол баргузор мешавад.
Ҷашнвораи байналмиллалии Наврӯз  симои сайёҳии Тоҷикистонро ба шумори зиёде гардишгар, ки дар арафаи Наврӯз ба Тоҷикистон сафар мекунанд, муъаррифӣ мекунад.

Бо ин руйдод илова бар шакл гирифтани барномаҳои фароғатӣ- сайёҳии мухталиф ширкатҳои хадамоти мусофиратӣ ва гардишгарии дохилӣ имкони муъаррифии ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон ба сайёҳонро меёбанд.

Ҳамчунин ҳунармандони тоҷик метавонанд маҳсулот ва ҳунарҳои дастии худро дар маърази диди алоқамандон ва ҳунардӯстон қарор диҳанд.

Қарор аст аз ин пас ин барномаҳо ва тадобир дар соҳаи сайёҳӣ ба ҳукми анъана ворид шуда ва ба як асли доимӣ дар ҷиҳати ҷазби гардишгарони хориҷӣ табдил шавад.

Барои муъаррифии Наврӯзи байналмиллалӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ барномарезиҳое дар Тоҷикистон анҷом шудааст.

Пешбинӣ мешавад имсол гуруҳҳои гардишгарии зиёде барои ширкат дар маросими таҷлили иди байналмиллалии Наврӯз ба Тоҷикистон сафар кунанд.