Сафири собиқи Тоҷикистон дар Эрон: Эронро хонаи дуввуми худ медонам/равобити Душанбе-Теҳрон ба сатҳи болои гузашта бармегардад
(last modified 2018-02-25T16:20:56+00:00 )
Феврал 25, 2018 21:20 Asia/Dushanbe
  • Сафири собиқи Тоҷикистон дар Эрон: Эронро хонаи дуввуми худ медонам/равобити Душанбе-Теҳрон ба сатҳи болои гузашта бармегардад

Сафири собиқи Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт: Эронро хонаи дуввуми худ медонам ва мутмаинам, равобити Душанбе ва Теҳрон ба сатҳи болои худ дар гузашта бар хоҳад гашт.  

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рамазон Мирзоев, сафири собиқи Тоҷикистон дар Теҳрон дар маросими муаррифии китоби худ перомуни равобити Душанбе бо Теҳрон бо ишора ба ҳузури Муҳииддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ дар Теҳрон ва даст додани вай бо мақоми муаззами раҳбарӣ гуфт: Раҳбари инқилоби исломии Эрон ва ё раисҷумҳур маъмулан дар поёни ҷаласот бо меҳмонони хориҷӣ салому аҳвол пурсӣ мекунанд, ки ин марсум аст.

Мирзоев изҳор дошт: Дар фаъолияти 9 солаи ман дар Теҳрон таомулоти миён 2 кишвар дар сатҳи болое қарор дошт.

Вай гуфт: Аз замоне, ки дар равобити байн ду кишвар мушкилоте рух додааст, ман ва бисёре аз давлатмардон эҳсоси нороҳатӣ мекунем.

Мирзоев ёдовар шуд: Дар даврони раёсатҷумҳурии Аҳмадинижод ва қабл аз он ҳарҷо, ки манро дар миёни сафирон медиданд, савол мекарданд, ки бародари мо Эмомалӣ Раҳмон чи тавр ҳастанд, ин барои ман як сарафрозӣ буд.

Рамазон Мирзоев аз 2001 то 2010 масъулияти сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Эронро бар уҳда дошт, ки марҳалаи тавсеаи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ байни ду кишвар дониста мешавад.