Раҳмон авзои Афғонистонро нигаронкунанда хонд
Раисҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ширкат дар ҳамоиши “Даҳсолаи байналмилалии амали “Об барои тавсеаи пойдор” дар Ню-Йорк ба сар мебарад, дар мусоҳиба бо бахши русии телевизиони Созмони Милали Муттаҳид авзои Афғонистонро нигаронкунанда хонд.
Ба гузориши сайти бахши русии телевизиони СММ, Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба идомаи буҳрони ноамнӣ ва даргириҳо дар Афғонистон, хостори талоши бештари ҷомеаи байналмилалӣ барои поён додан ба ҷанг дар ин кишвар шуд.
Раҳмон таъкид кард, таҷрибаи чаҳор даҳаи гузашта нишон медиҳад, ки наметавон танҳо бо тавассул ба зӯр ва нерӯи низомӣ, амниятро дар Афғонистон барқарор кард.
Ба гуфтаи вай, бояд барномаҳои муассири иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Афғонистон таҳия шавад, ки боиси корофаринӣ ва кишти ҷойгузини маводи мухаддир дар ин кишвар шавад.
Раҳмон изҳор дошт, афзоиши тавлид ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон яке аз амилҳои идомаи ҷанг ва даргирӣ дар ин кишвар аст, ки бар авзои амниятии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ таъсир мегузорад.
Раисҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояти ин кишварро аз ҳар навъ иқдом барои поён додан ба ҷанг ва даргирӣ дар Афғонистон эълом карда, гуфтааст, имрӯз Тоҷикистон ба Афғонистон маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад.
Вай афзудааст, ҳамчунин барои омӯзиши кадрҳои мавриди ниёзи нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон дар Тоҷикистон, бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ барномаҳои зиёде иҷро шуда, ки кумаки Душанбе ба давлати Кобул аст.