Март 24, 2018 20:36 Asia/Dushanbe
  • Даргирӣ бо қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

Дар пайи даргирӣ миёни марзбонони тоҷик ва як гурӯҳ аз қочоқчиёни афғон дар минтақаи Ҳамадонӣ (марзи Тоҷикистон бо Афғонистон), як қочоқчӣ кушта ва як нафари дигар захмӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, ду нафар аз ин гурӯҳ низ ба дохили хоки Афғонистон фирор кардаанд.

Ин чаҳор қочоқчии афғон рӯзи 21-уми март дар ҳоли интиқоли маводи мухаддир ба дохили хоки Тоҷикистон буданд, ки аз сӯйи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ғофилгир шуданд.

Аз маҳалли даргирӣ 32 килограм маводи мухаддир аз навъи афюн ва беш аз як килограм ҳашиш кашфу мусодира шудааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 23-юми март бо таъйиди ин хабар гуфт, ин қочоқчиёни афғон дар ҳангоми убури ғайриқонунӣ аз марз, ба дастури “ист”-и марзбонон таваҷҷуҳ накарданд, ки байни онҳо даргирии мусаллаҳона рух дод.

Бар асоси ин гузориш, 20 –уми марти имсол низ мақомоти марзбонӣ ва гумруки Тоҷикистон ба як мошини боркашонӣ, ки мутааллиқ ба як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, машкук шудаанд ва дар бозрасӣ аз дохили он ду килограм маводи мухаддир аз навъи героин кашфу мусодира кардаанд.

 Дар ин авохир, бо афзоиши теъдоди ҷангҷӯёни гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо шимоли Афғонистон, авзои амниятии ин манотиқ барои мақомоти Душанбе нигаронкунанда шудааст.

Бо ин ҳол то кунун ҳеҷ мавриде аз нуфузи гурӯҳҳои ифротӣ ба дохили марзи Тоҷикистон мушоҳида нашуда ва ҳамаи даргириҳо дар ин марз бо гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир сурат гирифтааст.

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 километрро ташкил медиҳад.