Апрел 03, 2018 13:57 Asia/Dushanbe
  • Оғози судури барқ аз Тоҷикистон ба Узбакистон

Судури барқи Тоҷикистон ба Узбакистон оғоз шуд.  

Ба нақл аз Авесто, дар мароҳили ибтидоӣ дар ҳар шабонарӯз 672 ҳазор киловат соат барқ ба Узбакистон содир мешавад ва ба тадриҷ ба ин мизон афзуда хоҳад шуд.

Дар маҷмуъ, зарфи соли ҷорӣ 1/5 миллиард киловат соат барқ аз Тоҷикистон ба Узбакистон содир хоҳад шуд.

Қиммати ҳар киловат барқи содиротии Тоҷикистон ба Узбакистон 2 сент муқаррар шудааст.

Узбакистон пас аз Афғонистон ва Қирғизистон севумин кишвари харидори барқи тавлидӣ дар Тоҷикистон аст.