Ҷоизаи се миллиондолларии Амрико барои иттилоъ аз Гулмурод Ҳалимов
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i3250-Ҷоизаи_се_миллиондолларии_Амрико_барои_иттилоъ_аз_Гулмурод_Ҳалимов
Муовини амнияти вазири умури хориҷаи Амрико аз таъйини ҷоизаи 3 миллиондолларӣ барои иттилоъ аз сарнавишти Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 31, 2016 04:40 Asia/Dushanbe
  • Ҷоизаи се миллиондолларии Амрико барои иттилоъ аз Гулмурод Ҳалимов

Муовини амнияти вазири умури хориҷаи Амрико аз таъйини ҷоизаи 3 миллиондолларӣ барои иттилоъ аз сарнавишти Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик хабар дод.

Ба гузориши "ТОП. тҷ", Курт Райз дар гуфтугӯ бо хабарнигорони расонаҳои Тоҷикистон таъкид кард, ки сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар феҳристи афроди хатарноки Вазорати умури хориҷаи Амрико қарор дорад.

Райз афзуд, Ҳалимов давраҳои донишафзоиро дар яке аз пойгоҳҳои низомии Амрико фаро гирифта ва акнун ба муҳрае муҳим дар миёни фармондеҳони гурӯҳи террористии ДИИШ табдил шудааст.

Сарҳанг Гулмурод Ҳалимови 40 сола, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати дохилии Тоҷикистон авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи ҳамин сол бо интишори як паёме видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб, аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон алайҳи ин сарҳанги фирорӣ ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, ҳузур дар таркиби гурӯҳҳои ҷиноӣ дар қаламрави кишварҳои дигар, парванда боз кардаанд.