Баргузории ҷашнвораи «Сафар ба дунёи китоб» дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i32706-Баргузории_ҷашнвораи_Сафар_ба_дунёи_китоб_дар_Тоҷикистон
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории ҷашнвораи «Сафар ба дунёи китоб» дар саросари ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 15, 2018 10:08 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашнвораи «Сафар ба дунёи китоб» дар Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории ҷашнвораи «Сафар ба дунёи китоб» дар саросари ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин ҷашнвора аз имрӯз (15 апрел) оғоз шуда ва то 15 майи соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

Ҷашнвораи «Сафар ба дунёи китоб» бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва бо ҳамкории Вазорати омӯзишу парвариш, Кумитаи радио ва телевизион, Иттиҳоди нависандагон ва мақомоти маҳаллии манотиқи мухталифи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Маросими оғози ин ҷашнвора имрӯз (якшанбе) дар китобхонаи кӯдаконаи «Мирсаид Миршакар» дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони китобхонаҳои тамоми манотиқи Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин ҷашнвора ҳамзамон бо ҷашни саду чиҳилмин солгарди Садриддин Айнӣ бунёнгузори адабиёти муосири тоҷик, зодрӯзи Убайд Раҷаб шоири номдор ва Рӯзи ҷаҳонии хонавода сурат мегирад.

Ширкаткунандагони фаъол дар ин маросим, дӯстдорони китоб, шоирону нависандагон, уламо, устодон, донишомӯзон, намояндагони расонаҳо, созмонҳо ва муассисаҳо аз сӯи дастандаркорони ҷашнвора ва мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, бо ҷоизаҳои нақдӣ, ҳадяҳо ва ҳамчунин диплом ва гувоҳиномаҳои мухталиф қадрдонӣ мешаванд.