Июл 19, 2016 10:17 Asia/Dushanbe
  • Нажодпарастони рус барои оташ задани Қуръон ва латту кӯби тоҷикон маҳкум ба зиндон шуданд

Додгоҳи ноҳияи Шербинскии Маскав 12 нажодпарасти русро, ки китоби муқаддаси мусалмонҳоро оташ задаанд, аз 5 то 10 сол равонаи зиндон кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз "озодагон", Светлана Бехтина, сухангӯи додгоҳи ноҳияи Шербинскии Маскав ба расонаҳои русӣ гуфтааст, раҳбари ин гурӯҳи миллатгароҳо - Александр Соколов 10 сол аз озодӣ маҳрум шуда, бештари муттаҳамони дигарро, ки замони эъломи ҳукм ба синни балоғат нарасидаанд, то 5 соли корҳои ислоҳӣ интизор аст.

Сергей Лихачев, ки ба гуноҳи худ эътироф кардааст, шартан панҷ сол ҳукм гирифтааст. Аъзои дигари ин гурӯҳ аз чор то шаш сол зиндонӣ шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки 31 декабри соли 2013 ин гурӯҳ дар қатори Маскав дар мазҳари ом китоби Қуръонро оташ зада, навори онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд. Онҳо ҳамчунин аз як мусофир даъват кардаанд, ки аз Ислом рӯ гардонад.

Ин нажодпарастон ҳамчунин дар латту кӯби шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар натиҷа яке аз онҳо ба ҳалокат расидааст, муҷрим шинохта шудаанд.

Манбаъ гуфтааст, миллатгароҳо маълумот дар бораи фаъолиятҳои экстремистии худро дар гурӯҳи "14/88" дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекардаанд.

Барчасп