Апрел 20, 2018 18:05 Asia/Dushanbe
  • Даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

Дар даргирии мусаллаҳона дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон се қочоқчии маводи мухаддир кушта шуданд.

Ин хабарро дафтари матбуоти Кумитаи амнияти милли Тоҷикистон имрӯз ҷумъа расонаӣ карда ва тавзеҳ додааст, ки даргирӣ дар постгоҳи Сайёд, дар минтақаи Ҳамадонӣ замоне рух дод, ки гурӯҳе аз қочоқчиёни маводи мухаддир аз Афғонистон вориди қаламрави Тоҷикистон шуданд.

Дар ин даргирӣ се нафар аз қочоқчиён кушта ва як нафар захмӣ шуданд ва бақия низ фирор карданд.

Дар маҳали ин ҳодиса миқдоре силоҳ ва муҳимот ва беш аз 45 килограмм анвои маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст.

Дафтари матбуоти Кумитаи амнияти милли Тоҷикистон ҳамчунин эълом кардааст, ки аз оғози соли 2018 то кунун бори севум аст, ки даргириҳои мусаллаҳона дар дарозои марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон рух медиҳад.

Дар ин се даргирӣ панҷ марзшикани мусаллаҳ ба ҳалокат расидаанд.

Тоҷикистон ва Афғонистон 1400 километр марзи муштарак доранд, ки дар беш аз 25 соли охир ҳамвора шикананда ва хабарсоз будааст.