Апрел 27, 2018 20:49 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Фаластин барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ

Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар дидор бо муовини вазорати умури хориҷаи Фаластин омодагии Душанберо барои тақвияти равобити фарҳангӣ бо Фаластин эълом кард.

Ба гузориши Форс, пойгоҳи иттилоотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар гузорише аз дидори Зевар Давлатзода муовини вазири фарҳанги ин кишвар бо Мозин Шомия муовини ниҳоди дипломаитии Фаластин хабар дод.

Бинобар ин гузориш, тарафҳо дар ҷараёни ин дидор имкони барқарорӣ ва тақвияти равобити ду кишвар дар ҳавзаи фарҳангро мавриди баҳс ва табодули назар қарор доданд.

Тарафҳо дар ин мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба баргузории рӯзҳои фарҳангии Фаластин дар Тоҷикистон ва ширкати фаъоли намояндагони ду тараф дар маросими мутақобили фарҳангии ду кишварро баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин Муҳаммад Таршҳонӣ сафири Фаластин дар Узбакистон, ки масъулияти сафорати ғайримуқими ин кишвар дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, низ ҳузур дошт.

Ҳайати фаластинӣ чанд рӯзе қабл бо ҳадафи ширкат дар даври дувуми ройзаниҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Фаластин дар раъси ҳайате вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон шуд.

 

Барчасп