Апрел 29, 2018 12:28 Asia/Dushanbe
  • “Шаҳписари Хайём” китоби нави Камол Насруллоҳ мунташир шуд

Доиратулмаорифи миллии Тоҷикистон, китоби нави шоири тоҷикистонӣ Камол Насруллоҳро бо унвони "Шаҳписари Хайём" (зиндагӣ ва шеъри Лоиқ) мунташир кард.

Ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, дар бахшҳое аз ин китоб, хотираҳо ва андешаҳои муаллиф, ки шогирди устод Лоиқ Шералӣ аст, зикр шуда ва симои инсонӣ, шахсият ва сифатҳои боризи устод таҷассум ёфтааст.

Дар мақолоти дигари ин китоб аз ҷумла "Шеър ва шинохти миллӣ" ва "Шоири дард ва ниёзи халқ", саҳми боарзиши марҳум Лоиқ дар шинохти ҳувияти миллӣ, бедории миллӣ, эҳсосоти ватандӯстӣ ва масъулияти ватандорӣ бисёр хуб мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар мақолаи дигаре аз ин китоб бо унвони "Офтоб омад далели офтоб" вижагиҳои шахсиятҳои инсонӣ ва шоиронаи ду марди бузург устод Мирзо Турсунзода ва устод Лоиқ Шералӣ зикр шудааст.

Дар мақолаҳои Шаҳписар Хайём, “Дар парандрези борон” ва "Дар рӯйи ҳама тобад як пора нури ман" саҳми бузург ва мондагори устод Лоиқ дар рушди жанрҳои суннатӣ, шомилӣ рубоӣ, дубайтӣ ва ғазал ва низ навовариҳои устод дар шеъри муосири тоҷик мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Ин мақолот иттилооти зиёде дар бораи дастовардҳои воқеии шеъри устод Лоиқ ба мухотиб ироа медиҳад.

Алоқамандон ба ашъори устод Лоиқ метавонанд ин китобро аз шӯъбаи маҷаллаи "Садои Шарқ" харидорӣ кунанд.