12 сол зиндон барои узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ
Додгоҳи ноҳияи Исфара дар вилояти Суғд як сокини 28 солаи ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар ДИИШ ва мушорикат дар даргириҳои Сурия ба 12 солу шаш моҳ зиндон маҳкум кард.
Ба нақл аз Азия-Плюс, ба гуфтаи Комилҷон Ғанизода, раиси додгоҳи ноҳияи Исфара, Абдулвақос Олимов соли 2014 ба василаи интернет бо мубаллиғони ДИИШ ошно шуд ва ба ин гурӯҳ пайваст.
Ӯ он замон ба унвони коргари муҳоҷир дар Русия фаъолият мекард.
Олимов соли 2014 ба Туркия ва сипас ба Сурия меравад ва пас аз гузарондани омӯзишҳои низомӣ дар шаҳри Раққа, соли 2015 дар набард алайҳи артиши Сурия мушорикат мекунад.
Вай ба ҳамроҳи теъдоде аз аъзои ДИИШ соли 2016 аз сӯи нерӯҳои амниятии Сурия боздошт ва ба 9 моҳ зиндон маҳкум мешавад.
Абдулвақос Олимов ниҳоят ба Туркия таҳвил ва ноябри 2017 ба Душанбе мунтақил мешавад.