Май 06, 2018 10:43 Asia/Dushanbe
  • 17 май, оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон

Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон рӯзи 17 моҳи майи соли ҷориро рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон дар ин кишвар эълом кард.

Ин шӯро бо ишора ба ҳамкории Пажӯҳишгоҳи нуҷуми Фарҳангистони улуми Тоҷикистон эълом кардааст, дидани моҳи мубораки Рамазон дар ғуруби рӯзи 15 майи соли ҷорӣ дар уфуқи ин кишвар ғайримумкин аст.

Аз ин рӯ мардум бояд аз субҳи рӯзи панҷшанбе 17 моҳи майи соли ҷорӣ, рӯза бигиранд.

Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон гуфтааст, мизони садақаи фитрро барои моҳи мубораки Рамазон дар соли ҷорӣ, баъдан эълом хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки дар бархе аз кишварҳои минтақа ва Русия, рӯзи чаҳоршанбе 16 моҳи май рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон эълом шудааст.

Наздик ба 98 дарсад аз ҷамъияти беш аз ҳаштмиллионнафарии Тоҷикистонро мусулмонон ташкил мекунанд.