Ҳафтаи оянда: Интиқоли пайкари Бозор Собир ба Тоҷикистон
Наздикони Бозор Собир, шоири тоза даргузаштаи тоҷик гуфтаанд, ки пайкари ӯ ҳафтаи оянда барои ба хоксупорӣ ба Тоҷикистон мунтақил хоҳад шуд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Шогуна Собир, духтари марҳум Бозор Собир эълом кардааст, ки таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ барои интиқоли ҷасади падараш аз Амрико ба Тоҷикистон барои ба хоксупорӣ омода шуда ва ба эҳтимоли зиёд, ҳафтаи оянда анҷом хоҳад шуд.
Вай таъкид кардааст, ки таърихи дақиқи интиқоли ҷасади падараш аз Амрико ба Тоҷикистонро рӯзҳои 7 ва 8 моҳи май аз тариқи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” эълом хоҳад кард. Пас аз даргузашти ин шоири тоҷик, хонаводааш мувофиқат карданд, ки ҷасади ӯ дар Тоҷикистон ба хок супурда шавад.
Аз сӯи дигар Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дастур додааст, ки ҷасади Бозор Собир дар гӯристони Лучоб ба хок супурда шавад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вазири умури хориҷа, сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва намояндаи доимии ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид дастур дода буд, ки пайкари Бозор Собир аз Амрико ба ватан мунтақил ва дар шаҳри Душанбе ба хок супурда шавад.
Бозор Собир аз маъруфтарин чеҳраҳои адабии тоҷик пас аз зиндонӣ ва озод шуданаш дар соли 1993, аз соли 1995 дар Амрико басар мебурд.
Вай соли 2013 ба Тоҷикистон баргашт ва сипас дар соли 2017 барои дидор бо хонаводааш, дубора ба Амрико рафт ва дигар ба Тоҷикистон бознагашт. Бозор Собир рӯзи 1-уми майи 2018 дар синни 79 солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэттли Амрико даргузашт.