Май 09, 2018 13:27 Asia/Dushanbe
  • Равнақи бозори сиёҳ бо манъи интиқоли пул аз Тоҷикистон

Раиси Анҷумани пулҳои электронӣ ва ҳаволаҳои бонкӣ дар Русия, мӯътақид аст, тасмими бонкҳои Тоҷикистон бино бар мамнуияти интиқоли пул аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба атбои дигар кишварҳо, мӯҷиби равнақи бозори сиёҳ хоҳад шуд.

Ба гузориши “Спутник”, Виктор Достов гуфтааст, таҷриба нишон медиҳад, ки ин навъ иқдомот, мӯҷиби рушди шабакаҳо ва каналҳои ғайри расмӣ ва пинҳонии интиқоли пул аз Тоҷикистон ба хориҷ хоҳад шуд.

Ба гуфта вай, ин амр боиси истифодаи гурӯҳҳои судҷӯ аз ин фурсат хоҳад шуд.

Мақомоти Тоҷикистон талош мекунанд аз хурӯҷи ҳарчи бештари асъори хориҷӣ аз ин кишвар ҷилавгириӣ шавад ва пули бештаре дар шароити бозори ошуфтаи муомилоти арзӣ дар дохили ин кишвар боқӣ бимонад.

Аммо аз нигоҳи Виктор Достов, ин иқдом роҳи ҳалли мушкили камбуди арз дар бозори муомилоти дохилии Тоҷикистон нест ва шаҳрвандон маҷбӯр мешаванд ба думболи каналҳои ғайрирасмӣ бираванд ва ё аз пулҳои электронӣ монанди “Биткойн” истифода кунанд.

Бар асоси муқаррароти ҷадиди интиқоли пул аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷ, тоҷикҳо метавонанд ба мизони 87 ҳазору 500 сомонӣ (муодили 10 ҳазор доллар) ба арзҳои хориҷӣ маблағ интиқол диҳанд, аммо гиранда низ бояд гузарномаи тоҷикӣ дошта бошад.

Ин маблағ қаблан 28 ҳазор сомонӣ буд.