Май 13, 2018 11:46 Asia/Dushanbe
  • Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанд ба муносибати моҳи Рамазон

Ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон, ярмаркаи фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд ин ярмарка ба ибтикори ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар наздикии як маркази театр дар ин шаҳр барпо шуд.

Дар ин намоишгоҳ кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ ва хоҷагиҳо маҳсулоти хушсифати худро бо нархи арзонтаре дар муқоиса бо бозорҳои сатҳи шаҳр пешниҳод намуданд.

Бар асоси ин гузориш, ба таври мисол як килограм гушти гов 27-30 сомонӣ ва як халта орди хушсифати 50 килоӣ 110-115 сомонӣ фурухта шуд, ки нархи ин миқдор орд дар бозор беш аз 140 сомонӣ аст.

Ин гузориш эълом кардааст: Имкон дорад ин ярмарка рӯзи якшанбе 13 май низ дар ҳамин макон баргузор шавад.