Май 16, 2018 11:53 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон куштори фаластиниён дар навори Ғаззаро маҳкум кард

​​​​​​​Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар изҳороте, хунрезӣ ва куштори фаластиниёнро дар навори Ғазза ба дасти режими саҳюнистӣ, қотеъона маҳкум кард.

Тибқи изҳороти рӯзи сешанбеи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, шиддатёбии вазъият ва таҳрики амалиёти хушунатбор вазъияти бе ин ҳам хатарноки минтақаро печидатар месозад.

Дар изҳороти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати ҳатмии ҳалли низоъ бар асоси қатъномаҳои маълуми Шӯрои амнияти СММ, аз ҳамаи ҷонибҳо даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи зӯр ва амалҳое, ки поя ва асоси сулҳу суботро аз байн мебаранд, худдорӣ намоянд”.

Ин барои бор нахуст нест, ки Тоҷикистон иқдомоти зидди башарии режими саҳюнистӣ дар қиболи фаластиниёнро маҳкум мекунад.

Пеш аз ин низ Абдуҷаббор Азиз, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлоси байналмаҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкори Исломӣ, ки моҳи январи 2018 дар Теҳрон баргузор шуд, унвон кард, кишвараш ҳамеша аз Фаластин ва Байтулмуқаддас ҳимоят кардааст ва Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти доимии Фаластин ба расмият мешиносад.

 

Барчасп