Июн 09, 2018 14:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳаллу фасли масоили марзӣ - меҳвари музокироти Раҳмон ва Жеенбеков дар Чин

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Синдаои Чин дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков дар ин дидор аз сатҳи ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои бонуфузи минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ИДМ, СПАД ва СҲШ изҳори ризоият карданд.

Дар ин мулоқот таъкид шуд, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва рушди муносибот дар заминаи таъмини амният ва суботи байналмилалӣ ва минтақаӣ аҳамияти вижае медиҳанд.

Раҳмон ва Жеенбеков бар густариши муносиботи тиҷорӣ ва иқтисодӣ, баҳрабардорӣ аз захоири обӣ ва энержӣ, иҷрои бамавқеи тарҳҳои бузурги минтақаӣ, аз ҷумла “КАСА -1000” миёни ду кишвар ва фаъолсозии нақши комиссияи байнидавлатӣ дар заминаи маҷмӯае аз масоили дуҷониба таъкид карданд.

Дар ин дидор ба манзури ҳалли зудтари масоили марбут ба марзҳои давлатии ду кишвар пешниҳод шуд, тавофуқномаи марзӣ ва байнидавлатӣ дар заминаи мамнуияти кишоварзӣ дар хатти марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон то поёни марҳилаи таъйин ва аломатгузории марзҳо ба имзо бирасад.

Ҳамчунин эъломи гузаргоҳи Қарамиқ ба унвони минтақаи байналмилалӣ барои ҳалли масоили марбут ба муносиботи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар, як гоми зарурӣ унвон шуд.

Дар ҷараёни ин мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои кишоварзӣ, равобити транзитӣ ва дигар ҳавзаҳои иқтисодӣ баррасӣ шуданд.