Июн 11, 2018 09:21 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи ҷамъоварии фитр

Маркази исломии Тоҷикистон бо интишори бёнияе дар бораи бархе овозаҳо бино бар давлатӣ шудани раванди ҷамъоварӣ ва тақсими садақаи фитр ва навъи кумакҳои молии мардум, тавзеҳ додааст.

Ба гузориши сомонаи Маркази исломии Тоҷикистон, дар ин баёния таъкид  шудааст, ки муттаассифона таъсиси комиссияҳои давлатии ҷамъоварии садақаи фитр ва кумкаҳои молии хайрияи мардумӣ аз сӯи бархе афрод ва расонаҳои хабарӣ ба унвони мудохилаи ҳукумат дар урмури шахсии мусулмонон арзёбӣ мегардад, ки бардошти нодуруст мебошад.

Аз дидгоҳи Маркази исломии Тоҷикистон, таъсиси комиссияҳои давлатӣ дар маҳаллаҳои ин кишвар барои ҷамъоварии садақаи фитр ва кумакҳои молии хайрияи мардумӣ иқдоми комилан дуруст мебошад. Зеро раисони маҳаллаҳои ин кишвар беш аз дигарон аз вазъи мардуми иттилоъ доранд ва ниёзмандони воқеиро мешиносанд ва метавонанд садақаи фитр ва кумакҳои молии ҷамъовари шударо ба мӯҳтоҷон ва мустаҳиққон бирасонанд.

Қаблан бархе расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон аз иҷборӣ шудани ҷамъоварии садақаи фитр ва додани 50 дарсади ин маблағ ба комиссияҳои давлатӣ хабар дода буданд, ки мӯҷиби интишори овозаҳо ва норизоятиҳо аз ин иқдом шуда ва ба унвони мудохилаи ҳукумат дар умури шахсии мардум арзёбӣ мешуд.