Даргузашти сухангӯи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон
Июн 11, 2018 06:56 Asia/Dushanbe
Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон рӯзи якшанбе бар асари сактаи мағзӣ, даргузашт.
Ба гузориши манобеи хабарии тоҷикӣ, вай, ки солҳои ахир ба унвони сухангӯи Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон машғул ба фаъолият буд, рӯзи 10 июн дар синни 61 солагӣ, даргузашт.
Вай қабл аз мақомаш ба унвони сухангӯи Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон, дар ҳафтаномаи “Минбар халқ” ва рӯзномаи “Ҷумҳурият” фаъолият мекард.
Маросими видоъ бо Усмон Солеҳ имрӯз (душанбе) дар манзилаш баргузор ва пайкари вай дар зодгоҳаш, шаҳри Ваҳдат ба хок супурда шуд.