Июн 26, 2018 09:08 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бузургтарин маркази интиқоли бор дар фурудгоҳи Душанбе

Бо кумаки молии беш аз 17-миллиондолларии давлати Ҷопон бузургтарин маркази интиқоли бор дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши ТТА, ин марказ аз зарфияти интиқоли 20 ҳазор тонна анвои бор дар сол бархурдор аст ва имкон медиҳад, маҳсулоти кишоварзони Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин замон ба хориҷ мунтақил шавад.

Ин марказ дорои анборҳои муҷаҳҳаз ба яхдонҳои бузург барои нигаҳдории мева, сабзиҷот ва маҳсулоти гӯштӣ аст, ки заминаи интиқоли сареи анвои меваро ба хориҷ аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ фароҳам месозад. Ба гуфтаи масъулони фурудгоҳи Душанбе, ҳазинаи интиқоли ҳар кило мева ба хориҷ аз кишвар 30 сомонӣ аст, ки дар Русия ин маҳсул ба қимати 120 рубл ба фурӯш мерасад ва ин амр ба маротиб судовартар аз ҳамлу нақли роҳи оҳан ва заминӣ аст. Ҳамчунин имкони воридоти маҳсулоти кишварҳои минтақа ба Тоҷикистон аз тариқи ин марказ ва транзити он ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад.

Бо баҳрабардорӣ аз терминали ҷадиди интиқоли бор дар фурудгоҳи Душанбе Тоҷикистон ба маркази муҳим ва транзити ҳавоӣ дар Осиёи Марказӣ табдил мешавад, ки аз тавони содироту воридоти анвои маҳсулоти мева ва сабзиҷот бархурдор хоҳад буд.

Давлати Ҷопон тайи беш аз 20 соли истиқлоли Тоҷикистон ба ин кишвар ба маблағи беш аз 350 миллион доллар кумакҳои молӣ ва умдатан билоиваз ихтисос додааст.