Густариши равобити иқтисодӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Созмонҳои байналмилалӣ иҷрои барномаҳои муртабит ба тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ, беҳбуди вазъияти маишӣ ва иқтисодӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистону Афғонистонро оғоз карданд.
Ба гузориши сомонаи “Фарғона”, аз ҷумлаи муҳимтарини ин созмонҳо Иттиҳоди Аврупост, ки тасмим гирифтааст, ба рушди манотиқи марзии ду кишвар кумак кунад. Қарор аст, барои ин барнома ҳазинаи 16-миллиондолларӣ ихтисос ёбад. Бахше аз ин ҳазина ба сохти пул бар фарози рӯдхонаи Панҷ, ки вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо вилояти Тахори Афғонистон пайванд медиҳад, ихтисос хоҳад ёфт.
Мустафо Мастур, вазири иқтисоди Афғонистон мегӯяд, ин барнома дар чорчӯби барномаҳои тавонмандсозии иқтисоди маҳаллӣ дар марзҳои ду кишвари ҳамсоя амалӣ мешавад ва бар бунёди он гузашта аз рушди иқтисоди маҳаллӣ ва коҳиши фақр дар Афғонистону Тоҷикистон заминаҳои шуғл барои шуморе аз рустонишинон дар вилоятҳои Тахору Бадахшон фароҳам хоҳад шуд. Аз сӯйи дигар Муродалӣ Хомӯшев, яке аз мақомоти бахши ҳамлу нақли Тоҷикистон низ мегӯяд, агар ин пул пеш аз ин сохта мешуд, бештарин мушкилоти сокинони Афғонистон дар Тахор ва Тоҷикистон дар Хатлон ҳаллу фасл мешуд.
Дар ҳоли ҳозир панҷ пул бар рӯйи рӯдхонаи Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон сохта шудааст ва ба гуфтаи масъулони созмонҳои байналмилалӣ, бо эҷоди ин пулҳо дар ду тарафи марзи ду кишвар бозорчаҳои марзӣ низ эҷод шудаанд. Онон мегӯянд, ки бо сохта шудани пули шашум заминаҳои беҳтари рушди иқтисодии манотиқи дурдаст дар Хатлону Тахор фароҳам хоҳад шуд.