Монеаҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон аз нигоҳи Бонки Ҷаҳонӣ
(last modified Wed, 27 Jun 2018 06:06:05 GMT )
Июн 27, 2018 11:06 Asia/Dushanbe
  • Монеаҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон аз нигоҳи Бонки Ҷаҳонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ мушкилоти мудириятиро дар рушди иқтисоди Тоҷикистон монеае ҷиддӣ хонд ва хостори эҷоди фазои яксон ва шароити мусовӣ барои ширкатҳои тавлидӣ, чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ дар ин кишвар шуд.

Ба гузориши сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ, дар таҳқиқи коршиносони ин ниҳод аз авзои иқтисодии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи ҳукумати ин кишвар барои бозсозӣ ва ислоҳот дар иқтисод нокофӣ арзёбӣ шудааст.

Зеро иқтисоди кишвар вобаста ба воридот ва даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷ аст ва ин амр заминаи рушди тавлидоти саноатиро кунд мекунад.

Аз ин рӯ, Бонки Ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия кардааст, барои ислоҳоти мудириятӣ дар сохтори иқтисодии ин кишвар гомҳои асосӣ бардорад.

Сахт шудани мубориза бо фасоди молӣ дар идорот ва созмонҳои давлатӣ ва фароҳам кардани заминаи корофаринӣ бо эҷоди шароити яксон ва мусовӣ барои фаъолияти ширкатҳои хусусӣ ва давлатӣ, аз дигар иқдомот дар ҷиҳати рушди иқтисодӣ аст.

Ҳамчунин тавсия шудааст, барои таъмини бартарии қонунҳои ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, низоми қазоии кишвар мустақил шавад, ки ин боиси ҳалли мушкилоти зиёде дар иқтисоди ин кишвар хоҳад шуд.