Роҳкорҳои Бонки Рушди Осиё ба кишварҳое, ки ба баҳр роҳ надоранд
Муовини раиси Бонки Рушди Осиё дар урмури Осиёи Марказӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ назири Тоҷикстон, ки ба обҳои озод дастрасӣ надоранд, 4 роҳкори хуруҷ аз ин бунбастро ироа кардааст.
Ба гузориши сойти Бонки Рушди Осиё, Ҳонг Вей дар мақолае таъкид кардааст, ки наздиктарин бандарҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чобаҳори Эрон ва Гвадари Покистон мебошанд, ки масири тулонӣ аст ва бояд аз қаламраваи чанд кишвар убур кард, то ба обҳои озод расид.
Аз ин рӯ, барои кишварҳое, ки ба баҳр роҳ надорад ба манзур таъмини рушди иқтисодӣ ва афзоиши муомилоти тиҷорӣ бо хориҷ, 4 роҳкор ироа мегардад, ки дарсурти иҷроӣ шудан метавонад, аз вобастагӣ ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷир ва содироти маводи хом, ҷилавгирӣ кунад.
Нахуст ин, ки бояд ҳазинаи транзит ва аворизи гумрукии колои содиротӣ аз қаламрави кишварҳои дигар барои расидан ба обҳои озод коҳиш ёбад, ки таъсири зиёде рӯй қиммати тамомшудаи маҳсулот хоҳад дошт.
Дувум ин, ки бо ислоҳи қавонини дохилӣ, ба бахши хусусӣ бояд имкон дод, ки аз тавони худ барои пайдо кардани масирҳои арзонтари содироти коло истифода кунад.
Роҳкори сеюм афзоиши теъдоди корхонаҳо ва коргоҳҳои мутавассит ва кӯчак мебошад, ки мӯҷиби иштиғолзоӣ мегардад ва заминаи тавлид ва содироти маҳсулоти дорои тавони рақобатиро фароҳам месозад.
Ва чаҳорум аҳамияти рушди нерӯи инсониро низ набояд нодида гирифт. Бори дигар таваҷҷуҳро бар сари маориф ва зерсохтори технологияҳои информатсиониву коммуникатсионӣ бояд ҷалб кард.
Бонки Рушди Осиё омодааст, ки барои истифода аз ин чаҳор роҳкор бо ҳадафи таъмини рушди иқтисоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказии маҳсур дар хушкӣ, кумакҳои молӣ ва омӯзишт ироа кунад.