Июл 07, 2018 14:31 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи байналмиллалии тиҷории

Панҷумин намоишгоҳи байналмиллалии "Суғд-2018" дар шаҳри Хуҷанд барпо шудасст.

Ба нақл аз Спутник, дар ин намоишгоҳ, ки аз рӯзи ҷумъа шашуми июл дар толори варзишии вилояти Суғд гушоиш ёфт, тоҷирону бозаргонони маҳаллӣ ва намояндагоне аз кишварҳои Узбакистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат кардаанд.

Дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ, раиси вилояти Суғд ин вилоятро аз ҷумла минтақаҳои санъатии кишвар хонд ва афзуд ҳамасола даҳҳо корхонаи санъатӣ дар ин вилоят мавриди баҳраварӣ қарор мегирад.

Раҷаббой Аҳмадзода афзуд ҳаҷми тавлидоти маҳсулоти санъатӣ таи се соли ахир дар ин вилоят ду баробар афзудааст.

Дар ҳошияи маросими ифтитоҳи намоишгоҳи байналмиллалии тиҷории "Суғд-2018" чанд нафар аз намояндагони кишварҳои ёдшуда ҳам суханронӣ карданд.

Ҳарчанд дар хабари манбаъ рӯзи поёнии намоишгоҳ мушаххас нест, вале ин намоишгоҳ имрӯз шанбе бо муъаррифии маҳсулот ва истеҳсолоти тиҷории тоҷирони ҷавон ва маҳаллии Суғд ва дигар ширкаткунандагон идома меёбад.

Ҳамчунин қарор аст бо ҳузури намояндагони кишварҳои ширкаткунанда чанд нишасти коршиносӣ баргузор гардад  ва гуфтугӯҳои ру ба ру   сурат гирад.