Дарёфти ришва барои судури корти маофият аз хидмати ҳарбӣ
Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз ифшо шудани ду мавриди дарёфти ришва барои судури корти маофият аз хидмати ҳарбӣ ва боздошти 3 нафар дар ин иртибот хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, дар ин иртибот комиссари ноҳияи Қубодиён, муовини мудири бемористон ва як корманди комиссариати ҳарбӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошт шудаанд. Дар мавриди нахуст, Фаррух Каримов, комиссари ҳарбии ноҳияи Қубодиён барои судури корти маофияти ҷавоне, ки бояд ба хидмати ҳарбӣ эъзом мешуд, вале маризии қалбӣ доштааст, дархости пардохти маблағи 3 ҳазор сомонӣ ришва карда ва ҳангоми гирифтани ваҷҳи нақд боздошт шудааст. Албатта, гуфта мешавад, ин фард воқеан бемор будааст. Дар мавриди дувум, Абдулғафур Темуров, муовини раиси бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳамкории Карим Каримов, корманди комиссариати ҳарбии ин ноҳия аз як сокин барои судури корти маофият аз хидмати ҳарбӣ дархости пардохти маблағи 1 ҳазору 150 долларро кардааст. Акнун ба иттиҳоми дарёфти ришва алайҳи онон парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳамасола дар фаслҳои баҳор, тобистон ва пойиз давраи ҷазби ҷавонони воҷиди шароити хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар даҳҳо мақоми комиссариатҳо ва кормандони бахшҳои беҳдошту дармон ба иттиҳоми дарёфти ришва барои судури корти маофият аз хидмат боздошт мешаванд. Ҳамчунин теъдоде аз ҷавонон низ ба иллати вуҷуди фазои номуносиби маишӣ ва хушунат дар артиши Тоҷикистон талош мекунанд, ки корти муофият аз хидматро ба баҳонаи маризӣ бо пардохти ришва дарёфт намоянд ва ё барои кор ба Русия бираванд.