Муваффақияти маъмури полис дар мамониат аз худкушии зани ҷавони тоҷик
Июл 11, 2018 11:04 Asia/Dushanbe
Маъмурони полиси шаҳри Душанбе муваффақ шуданд як занро аз худкушӣ наҷот диҳанд.
Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, соати яки бомдоди 10-уми июл як зани 33 сола бо андохтани худ ба рӯдхонаи Душанбе аз рӯйи пули наздики бозори “Султони Кабир”, қасди худкушӣ дошт.
Далерҷон Неъматуллоев, маъмури полиси шаҳри Душанбе ва ду сарбози қисми ҳарбии 5453-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки шоҳиди ин ҳодиса буданд, бедиранг худро ба об андохтанд ва ин занро аз марги ҳатмӣ наҷот доданд.
Ҳанӯз иллати иқдом ба худкушии ин зани ҷавон эълом нашудааст.