Июл 17, 2018 12:39 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти раиси Бонки рушди Тоҷикистон

Фаридуллоҳ Шарифов, раис яке аз шуъбаҳои Бонки рушди Тоҷикистон асри рӯзи 16-уми июл дар ноҳия Рашт, дар маҳалли кор худ бар асари исти қалбӣ фавт кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, намози ҷанозаи ӯ имрӯз, 17 июл дар зодгоҳаш, дар ноҳияи Рашт баргузор шуд. Фаридуллоҳ Шарифов 42 сол дошт.

Бонки рушди Тоҷикистон соли 2006 таъсис ёфтааст ва дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Рашт шуъба дорад.