Июл 21, 2018 08:31 Asia/Dushanbe
  • Боздошти сарони 4 гурӯҳи қочоқчии байналмилалии маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва Русия

Раиси Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз боздошти сарони 4 гурӯҳи қочоқчии байналмилалии маводи мухаддир дар қаламрави ин кишвар ва Русия хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, Шерхон Салимзода тайи нишасти хабарии масъулони ин ниҳод дар Душанбе гуфт, дар натиҷаи амалиёти муштараки нерӯҳои мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва Русия, сарони 4 гурӯҳи қочоқчии байналмилалии маводи мухаддир дар қаламрави ин ду кишвар боздошт шудаанд.

Вай таъкид кардааст, Ҳошимхон Баҳодурхонов, Мусулмон Холов, Хуршед Назарзода ва хонаводаи Ширинов ва 16 узви ин гурӯҳ аз сокинони шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва ноҳияи Ёвон ҳастанд, ки муддати тӯлонӣ ба интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия машғул будаанд.

Ба гуфтаи Салимзода, тайи 20 соли ахир ин гурӯҳҳо бо интиқоли даромади ҳосила аз фурӯши маводи мухаддир аз тариқи системаи бонкии Русия 10 миллион доллар ба даст овардаанд.

Вай муътақид аст, ки 70 то 80 дарсади ин маблағ барои кумак ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҳазина шудааст.

Чаҳор корманди бонкҳои Русия ва Тоҷикистон низ ба иттиҳоми кумак ба интиқоли даромади молии аъзои ин 4 гурӯҳи қочоқчии байналмилалии маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Раиси Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз ин ки тайи солҳои  2014  ва 2015 беш аз 211 сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар Русия ба иттиҳоми кумак ба фурӯши маводи мухаддир ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои қочоқчии байналмилалии маводи мухаддир боздошт шудаанд, ибрози нигаронӣ кард.