Июл 22, 2018 10:05 Asia/Dushanbe
  • Радди хабари фурӯши оби кули Сарези Тоҷикистон

Мудирияти Ориёнбонки Тоҷикистон хабари мунташиршуда бинобар фурӯши оби кули Сарез ба хориҷ аз кишвар бо ҳамкории як ширкати чиниро рад кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Азия-плюс, дар баёнияи мудирияти ин бонк таъкид шудааст, таъсиси корхонаи муштарак бо як ширкати чинӣ бо ҳадафи фурӯши оби кули Сарез ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дур, беасос аст.

Албатта миёни Ориёнбонки Тоҷикистон ва ширкати чинии Heaven springs dynasty harvest group, созишномаи дуҷониба имзо шудааст, ки марбут ба ҳамкорӣ дар заминаи мавзӯъҳои башардӯстона ва молӣ аст.

Кули Сарез ҷузви манобеи табиӣ давлат ва сарвати милли тоҷикон аст, ки фурӯши оби он ба хориҷи кишвар бидуни муҷаввизи ҳукумати Тоҷикистон ғайримумкин аст.

Хабари имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Ориёнбонки Тоҷикистон ва ширкати чинии Heaven springs dynasty harvest group барои фурӯши оби кули Сарезро бархе аз манобеи хабарии русизабон дар таърихи 10 июли соли ҷорӣ мунташир карданд.

Тоҷикистон солҳои зиёде дар пайи пайдо кардани сармоягузор барои фароҳамсозии заминаи фурӯши оби кули Сарез буд.

Ҳатто дар чорчуби ҳамоиши байналмилалии баррасии авзои кули Сарез дар шаҳри Душанбе дар соли 2011, таъкид шуда буд, ки Тоҷикистон метавонад ҳамасола аз ҳисоби фурӯши оби кули Сарез беш аз 100 миллион доллар даромад ба даст овард.

Дарозии кули Сарез 70 километр, умқи он 505 метр ва захираи оби пушти садди табиии он 70 километри мукааб аст, ки бар асари зилзилаи шадиди соли 1911 ва резиши кӯҳ бар сари роҳи рӯди Мурғоб, дар кӯҳистонҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва дар баландии се ҳазору 263-метрӣ аз сатҳи дарё падид омадааст.

Баъзе донишмандони муҳити зист мӯътақиданд, дар сурати ҳар навъ ҳодиса ва вайрон шудани эҳтимолии садди кули Сарез бар асари зилзилаи шадид ва ҷорӣ шудани оби пушти он, зиндагии шаш миллион нафар аз сокинони Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон бо таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад.