Июл 26, 2018 08:19 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли лағви муҷаввизи “Агроинвестбонк”-и Тоҷикистон дар ояндаи наздик

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз эҳтимоли лағви муҷаввизи фаъолияти “Агроинвестбонк”-и ин кишвар дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода тайи нишасти хабарӣ бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки ба далели нотавонии “Агроинвестбонк” дар заминаи бозпардохти кумакҳои молии давлати ин кишвар эҳтимоли лағви муҷаввизи фаъолияти ин ниҳоди молӣ вуҷуд дорад.

Давлати Тоҷикистон дар соли 2017 барои кумак ба “Агроинвестбонк”-и ин кишвар бо ҳадафи хурӯҷ аз буҳрони варшикаст шудан маблағи 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ бо суди солиёна 2 дарсад ба муддати 5 сол ихтисос дод. Ин ниҳоди молӣ, бар асоси тааҳҳуди хеш, мебоист дар соли 2017 ба Вазорати молияи Тоҷикистон 5 дарсад, дар соли ҷорӣ 20 дарсад ва дар солҳои баъд 25 дарсад аз ин кумакҳоро бозпардохт кунад. Аммо ин ниҳоди молӣ натавонист ба тааҳҳудоташ дар соли 2017 ва соли ҷорӣ амал кунад, ки дар қиболи он иқдомоти шадид ва ҳатто лағви муҷаввизи фаъолияти он низ эъмол хоҳад шуд.

“Агроинвестбонк”-и Тоҷикистон 3 соли ахир бо буҳрони молӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки акнун имкони лағви муҷаввизи он низ матраҳ аст.

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2017 муҷаввизи фаъолияти “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро ба далели варшикаст шудан лағв кард, ки ин ду ниҳоди молӣ то ба ҳол натавонистаанд қарзи супурдагузорони худро пардохт кунанд.