Ҳазинаи интиқоли симкорти телефони ҳамроҳ низ 250 сомонӣ шуд
(last modified 2018-08-20T05:35:51+00:00 )
Август 20, 2018 10:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳазинаи интиқоли симкорти телефони ҳамроҳ низ 250 сомонӣ шуд

Ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон бо ирсоли паёмак ба муштариёни хеш эълом кардаанд, ки аз аввали сентябр ҳазинаи вогузории симкорт ба афроди дигар низ 250 сомонӣ (муодили 26 доллар) хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Осиёи Марказӣ, дар ин паёмак таъкид шудааст, ки муштариёни дорои ду симкорт ё бештар, ки яке аз ин симкортҳоро дар ихтиёри афроди дигар қарор додаанд, бояд дубора барои сабти вогузории он иқдом кунанд ва 250 сомонӣ бипардозанд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл мақомоти Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон эълом карданд, ки аз рӯзи 20 - уми август ҳар адад симкорти телефони ҳамроҳро ба қимати 250 сомонӣ (муодили 26 доллар) ба фурӯш хоҳанд расонд.

Масъулони бархе аз ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ бо таъйиди ин хабар гуфтаанд, ки ин тасмим ангезаи амниятӣ дорад ва пешниҳоди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аст.

То ин дам қимати ҳар адад симкорти телефони ҳамроҳ панҷ сомонӣ (муодили 53 сент) буд, ки аз имрӯз - 20 – уми август бо афзоиши 50 баробарӣ ба 250 сомонӣ расид.

Ҳамчунин Бек Сабурӣ, раиси Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар нишасти муштараки мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон бо масъулони ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ дар ин кишвар, намояндагони Вазорати умури дохила бо ишора ба ҳодисаи ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар Данғара, пешниҳоди фурӯши ҳар адад симкорт ба қимати ҳазор сомонӣ (беш аз 100 доллар) - ро матраҳ карда буданд, ки пазируфта нашуд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон чаҳор ширкати фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ фаъолият мекунанд, ки теъдоди муштариёни ин ширкатҳо чаҳор миллиону 100 ҳазор нафар эълом шудааст.