Август 27, 2018 14:57 Asia/Dushanbe
  • “Спутник”: Тоҷикистон Афғонистонро бомбборон накардааст

Мақомоти Тоҷикистон иддао дар бораи бомбборон кардани қаламрави таҳти назорати Толибон дар Афғонистонро рад карданд.

Ба навиштаи сомонаи Спутник, дар ин бора РИА Новости аз қавли Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ё Русия волусволии Дарқади вилояти Тахорро бомбборон кардаанд.

Пас аз ҳамла мусаллаҳона аз дохили марзи Афғонистон ба Тоҷикистон, неруҳои Толибон ҳадафи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Тоҷикистон ё Русия қарор гирифтанд.

Халил Асир, сухангӯи фармондеҳи пулиси вилояти Тахор ба хабарнигори маҳаллии телевизиони “1”-и Афғонистон гуфт, ки дар натиҷаи даргирии рӯзи якшанбе дар ҷангли муштарак миёни Афғонистон ва Тоҷикистон дар шаҳристони Дарқади ин вилоят, ду тан аз марзбонони тоҷик ва шаш узви Толибон кушта шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки бинобар эъломи мақомҳои тоҷик, кушташудагон шаҳрвандони ғайринизомии Тоҷикистон ҳастанд.

Ба гуфтаи сухангӯи пулиси вилояти Тахори Афғонистон, 9 узви Толибон низ дар даргирии рӯзи якшанбе захмӣ шудаанд.

Ҷаводи Ҳиҷрӣ, сухангӯи волии Тахори Афғонистон низ гуфтааст, асри рӯзи якшанбе марзбонони тоҷик манотиқи марбут ба шаҳристони Дарқадро бо силоҳҳои сангин ҳадаф қарор додаанд ва субҳи имрӯз ҳам ҷангандаҳои хориҷӣ мавозеи Толибонро дар ҷангли муштараки марзӣ, ҳадаф қарор додааст.

Ба гуфтаи мақомоти афғонистонӣ, токунун мушаххас нест, ки ҷангандаҳо мутааллиқ ба кишвари Тоҷикистон ҳастанд ё Русия.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллии Тахор, дар минтақаи бомбаборон шуда ғайринизомиён ҳузур надоранд ва танҳо пойгоҳи Толибон мавҷуд будааст.