Сентябр 08, 2016 09:27 Asia/Dushanbe
  • Соҳибони шиносномаҳои тоҷикии муртабит ба ҳаводиси Қирғизистон дар Сурияанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар посух ба баёнияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷиҳати истифодаи ду омили ҳамлаи террористии рӯзи 30-юми августи соли ҷорӣ ба сафорати Чин дар Бишкек аз шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтааст, ки моликони ин аснод дар Сурия ҳастанд.

Ба гузориши сойти "ТопТҶ", Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикстон таъкид кардааст, ки ин ду омили ҳамла ба сафорати Чин дар Қирғизистон таҳти пайгард қарор доранд ва ҷузъиёти истифодаи онон аз шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон мушаххас нест. Ӯ гуфтааст, ки Фирдавс Мӯминҷонов, ки шиносномааш аз сӯйи ҷавони 25-солае ба номи Иззатуллоҳ Сотибоев ҳангоми вуруду хурӯҷ аз Қирғизистон мавриди истифода қарор гирифтааст, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аст, ки як сол қабл аз ин кишвар рафтааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати кишвари Тоҷикистон, дар моҳи майи соли ҷорӣ мақомоти амнияти Тоҷикистон муваффақ шуданд, ки ҳузури Фирдавс Мӯминҷоновро дар Сурия мушаххас кунанд. Бар ин асос, алайҳи ин шаҳрванди Тоҷикистон бо истинод ба моддаи 404-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба иттиҳоми мушорикат дар даргириҳои низомӣ дар хориҷ аз ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар бораи Зоир Халилови 33-сола, омили аслии ҳамлаи интиҳорӣ ба сафорати Чин дар Бишкек, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштааст, иттилои кофӣ дар даст нест ва таҳқиқ дар ин маврид идома дорад.

Рӯзи чаҳоршанбе Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо интишори баёнияе эълом кард, омилони ҳамлаи интиҳории 30-юми август ба сафорати Чин дар шаҳри Бишкек шиносномаи тоҷикӣ доштаанд. Бар асари ин ҳамлаи интиҳорӣ ба сафорати Чин дар Бишкек як корманди қирғизи ин сафорат кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин замина 4 шаҳрванди Қирғизистон боздошт шуданд. Ҳукумати Қирғизистон ҳамчунин барои дастгир кардани 4 гумонбари дигари ин ҳодиса аз кишварҳои хориҷӣ ва Интерпол дархости кӯмак кардааст.

 

Барчасп