Август 29, 2018 10:53 Asia/Dushanbe
  • Қочоқчиёни маводи мухаддир масъули нооромии марзи Афғонистон ва Тоҷикистон

Раиси ноҳияи Фархор дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон мегӯяд, авзои ин минтақаро фаъолияти гурӯҳҳои қочоқчиёни маводи мухаддири афғонистонӣ ноором мекунад.

Ба гузориши хабаргузории русии РИА - Новости, Сулаймон Вализода бо ишора ба ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба муҳитбонони ин ноҳия, ки боиси кушта шудани ду тан ва захмӣ шудани як нафар аз онон гардид, ин иқдомро кори гурӯҳҳои қочоқчиёни маводи мухаддири афғонистонӣ номид.

Қаблан мақомоти амниятии Тоҷикистон эълом карда буданд, ки дар пайи ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба мошини ҷангалбонони тоҷик дар ноҳияи Фархор, дар марзи ин кишвар бо вилояти Тахори Афғонистон ду муҳитбон кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст.

Аммо гурӯҳи Толибон бо интишори баёнияе даст доштани аъзои худ дар ин ҳодисаро такзиб ва эълом кардааст, ки марзбонони Тоҷикистон бо қочоқчиёни маводи мухаддир даргир шудаанд.

Раиси ноҳияи Фархор муътақид аст, ки аксари даргириҳо дар марзи ин ноҳия бо Афғонистон кори дасти гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир мебошад, ки талош мекунанд вориди қаламрави Тоҷикистон шаванд.

Аз сӯйи дигар, як корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бидуни ифшои номи худ ба хабаргузории русии РИА – Новости гуфтааст, ки ҷустуҷӯи серӯзаи нерӯҳои марзбонии тоҷик барои пайдо кардани гурӯҳи мусаллаҳи муҳоҷим ба муҳитбонони ин кишвар дар манотиқи ҷангалии ноҳияи Фархор бо вилояти Тахори Афғонистон бидуни натиҷа буда ва ба эҳтимоли зиёд ин афроди мусаллаҳ шабона ба дохили хоки Афғонистон фирор кардаанд.