Сентябр 08, 2016 11:41 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар радифи кишварҳои камдаромад қарор гирифт

Созмони рушди саноати Милали Муттаҳид дар гузориши ҷадиди худ Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои камдаромад қарор дод.

Ба гузориши сойти "Авесто", бар асоси эълони ин ниҳод байналамилалӣ, Тоҷикистон аз лиҳози даромади ҳар як шаҳрванд дар сол дар радифи кишварҳои африқоӣ, Афғонистон ва Кореяи Шимолӣ қарор дорад.

Бар асоси ин гузориш, ки бо дараҷабандии Бонки Ҷаҳонӣ тадвин шудааст, даромади солонаи молии шаҳрвандони ин кишварҳо бар пояи тавлиди нохолиси миллии онон 1045 доллар ва камтар аз ин шохис эълом шудааст. Ин дар ҳолест, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши худ дар соли 2015 даромади солонаи шаҳрвандони Тоҷикистонро 1085 доллар эълом карда буд.

Дар ин радабандӣ кишварҳои Қирғизистон, Узбакистон, Украина, Арманистон, Молдова ва Гурҷистон, ки даромади солонаи ҳар як шаҳрвандашон аз 1046 то 4125 доллар гуфта шудааст, шомили гурӯҳи давлатҳои дорои даромади камтар аз миёна мешаванд. Аз сӯйи дигар, ахиран, дар гузориши ниҳодҳои иқтисодии кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистон аз лиҳози даромади маоши моҳонаи миёнаи шаҳрвандон дар поинтарин зина қарор гирифтааст.

 

Барчасп