Кормандони давлатии Тоҷикистон муваззаф ба таҳияи листи даромад ва амвол мешаванд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37845-Кормандони_давлатии_Тоҷикистон_муваззаф_ба_таҳияи_листи_даромад_ва_амвол_мешаванд
Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонуни мубориза бо фасоди молиро ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар ироа кардааст, ки бар асоси он кормандони давлат муваззаф ба таҳияи листи амвол ва дороиҳои худ хоҳанд шуд ва дар сурати махфикорӣ аз мақоми хеш барканор мешаванд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 05, 2018 09:36 Asia/Dushanbe
  • Кормандони давлатии Тоҷикистон муваззаф ба таҳияи листи даромад ва амвол мешаванд

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонуни мубориза бо фасоди молиро ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар ироа кардааст, ки бар асоси он кормандони давлат муваззаф ба таҳияи листи амвол ва дороиҳои худ хоҳанд шуд ва дар сурати махфикорӣ аз мақоми хеш барканор мешаванд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, дар ин ислоҳия таъкид шудааст, ки дар сурати сарпечии кормандони давлат аз ин муқаррарот ё нодуруст нишон додани мизони амвол ва дороии хеш ва аъзои хонаводаашон, онон аз мақомашон барканор хоҳанд шуд.

Бар ин асос, кормандони давлат муваззаф мешаванд, ки листи даромади молӣ, амволи манқул ва ғайриманқул, шумораҳисобҳои бонкӣ, мизони дарёфти қарзҳои бонкӣ ба маблағи бештар аз 25 ҳазор сомонӣ ва амволу дороиҳои аъзои хонаводаашонро ироа кунанд.

Мавзӯи амвол ва дороиҳои кормандони давлат дар Тоҷикистон тайи 3 соли ахир ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон будааст.

Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар нишаст бо кормандони ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ба шиддат аз ин афрод ба хотири доштани мошинҳои гаронқимат интиқод кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар соли ҷорӣ 10 корманди Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон ба иттиҳоми дарёфти ришва ва сӯиистифода аз мақоми хеш ба зиндон маҳкум шуданд.