Модари Ҳусейн Абдусамадов таҳдид ба худкушӣ кард
(last modified Wed, 05 Sep 2018 05:09:03 GMT )
Сентябр 05, 2018 10:09 Asia/Dushanbe
  • Модари Ҳусейн Абдусамадов таҳдид ба худкушӣ кард

Модари Ҳусайн Абдусамадов, муттаҳами аслии боздоштшуда дар моҷарои ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара таҳдид кард, дар сурати ҳузур ва суханронии масъулони Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ дар нишасти солонаи “ҳуқуқи башар” – и Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Полша, худашро дар назди дафтари ин созмон дар шаҳри Душанбе оташ хоҳад зад.

Ба гузориши сайти ҳафтаномаи “Фараж”, хонум Гулчеҳра Шодмонова бо ирсоли номае ба ин ҳафтанома таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳузур ва суханронии масъулони Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ дар нишасти солонаи ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Полша, ки рӯзҳои 9 то 21 – уми сентябри имсол баргузор мешавад, даст ба худкушӣ хоҳад зад.

Вай ҳамчунин аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки дафтари ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ин кишварро ба унвони созмони ҳомии терроризми байналмилалӣ масдуд кунад.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории давлатии “Ховар” – и Тоҷикистон ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи мушорикати аъзои Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ дар нишасти солонаи ҳуқуқи башари ин созмон дар Полша ҳушдор дод ва таъкид кард, ки ин созмон бояд дар интизори иқдомоти мутаносиби тарафи Тоҷикистон бошад.

Ҳусейн Абдусамадов танҳо фарди зиндамонда аз миёни 5 нафар аз ҳамлакунандагон ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар рӯзи 29 – уми июли соли ҷорӣ аст, ки навори байъати вай ва ҳамроҳонаш бо гурӯҳи террористии ДИИШ мунташир шудааст.

Аммо мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон муддаиянд, ки вай қаблан узви Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ буда ва ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ низ ба дастури мақомоти ин ҳизб анҷом шудааст.