Чин дар Тоҷикистон мактаб месозад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38150
Як ширкати чинӣ эълом кардааст тасмим дорад се мактаби давраи миёна ба таври ройгон дар Тоҷикистон бисозад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 18, 2018 12:23 Asia/Dushanbe
  • Чин дар Тоҷикистон мактаб месозад

Як ширкати чинӣ эълом кардааст тасмим дорад се мактаби давраи миёна ба таври ройгон дар Тоҷикистон бисозад.

Ба нақл аз Спутник, қарор аст ширкати чинии Power China  ин се мактабро дар Данғара, Бохтар ва Леваканд барои ду ҳазору 560 хонанда бисозад.

Созишномаи сохти ин се маркази омӯзишӣ бо ҳузури кормандони Сафорати Чин дар Тоҷикистон, намояндаи ширкати Power China ва намояндагони Вазорати маориф, энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон дар моҳи июни соли равон ба имзо расид.