Бузургдошти рӯзи Рудакӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 23 Sep 2018 10:39:16 GMT )
Сентябр 23, 2018 15:39 Asia/Dushanbe
  • Бузургдошти рӯзи Рудакӣ  дар Тоҷикистон

Ҳамзамон бо рӯзи Рудакӣ дар Тоҷикистон муҷассамаи ин шоири баланд овоза дар Кулоб дубора қомат афрохт.

Ба нақл аз хабаргузории Ховар, дар ин маросим Хайруллоҳ Амонуллоҳ раиси шаҳри Кулоб гуфт: Осори устод Рудакӣ имрӯз беш аз пеш дар тарбияти ҷавонони тоҷик ва тақвияти руҳияи дустдоштани ватан, эҳтиром гузоштан ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ нақши таъсиргузоре дорад.

Дар ин маросим аз пайкари навсозишудаи Рудакӣ назди сохтмони нави донишгоҳи давлатии шаҳри Кулоб рунамоӣ шуд.

Аз соли 2002  дар Тоҷикистон ҳамасола 22-уми сентябр бо номи рӯзи Рудакӣ гиромӣ дошта мешавад.

Саидумрон Саидов устоди донишгоҳи давлатии Хуҷанд муътақид аст: Рудакӣ ва шеъри ӯ дар ҷаҳони муосир сазовори ҷойгоҳе аст, ки ба дарди замон даво мебахшад.

Шеър дар тамомии давру замон ба дардҳои инсонҳо даво мебахшад ва барои зиндагии шоиста ва обод беҳтарин  дастур мебошад.

Саидумрон Саидов афзуд: Агар чи дар қарнҳои баъд аз Рудакӣ садҳо суханвар ва адиб ба дунёи адабиёт ворид шуд, ки аз бештари онҳо ёде боқӣ намондааст, аммо муҳаққиқон Рудакиро ҳамчунон беҳтарин суханвар дар ҳавзаҳои адабиёти форсӣ медонанд.

Саидумрон Саидов таъкид кард, ки дар фалсафаи шеъри Рудакӣ дарди ҷовдонаи ҷаҳон мунъакис шудааст ва ҷовдонии шеъри ӯ дар ҳикмат ва пандомӯзии осори ӯст, ки аз таҷрибаи рӯзгори Рудакӣ сарчашма мегирад.

Вай гуфт: Устод Абу Абдуллоҳи Рудакӣ бунёнгузори адабиёти класики форсӣ аст, ки муҳимтарин хидмати таърихии ӯ шаклдиҳӣ ба адабиёти форсӣ будааст.