Сентябр 26, 2018 10:53 Asia/Dushanbe
  • Бонки Ҷаҳонӣ афзоиши ҷамъияти Тоҷикистонро “бомбаи соатӣ” медонад

Бонки Ҷаҳонӣ рушди босуръати ҷамъияти Тоҷикистонро, ки бо барномаи эҷоди иштиғол ва коҳиши фақр дар ин кишвар таносубе надорад, “бомбаи соатӣ” унвон кардааст.

Ба гузориши сайти “Ахбори Осиёи Марказӣ”, коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши ин ниҳоди молӣ таҳти унвони “Тоҷикистон: рушди шохисҳои ин кишвар” таъкид кардаанд, рушди ҷамъияти ин кишвар ва набуди барномаи иштиғолзоии мутаносиб бо он, иҷрои тарҳи коҳиши фақрро бо мушкил мувоҷеҳ месозад.

Аз нигоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоле, ки як севум аз ҷамъияти 9 миллионнафарии Тоҷикистонро навҷавонони то 14 сола ташкил медиҳанд ва барномаи муҳоҷирати нерӯи кори ҷавони ин кишвар ба хориҷ ҳам мубҳам ва норавшан аст, мақомоти Душанбе бояд дар фикри танзими рушди ҷамъият бошанд.

Зеро пас аз чанд сол ин нерӯ вориди бозори кори Тоҷикистон хоҳад шуд, ки бо таваҷҷуҳ ба рушди иқтисодӣ, имкони иштиғолзоӣ барои ин афрод вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ, бо мизони болои бекорӣ ва фақр, вуҷуди фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар идороти давлатӣ ва надоштани барномаи дақиқи иштиғолзоии мутаносиб бо рушди ҷамъият, ин мавзуъ метавонад дар оянда мушкилоти зиёдеро барои Тоҷикистон эҷод кунад.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз нигоҳи рушди ҷамъият дар мақоми нахуст қарор дорад ва ҷамъияти он ҳамасола афзоиши беш аз 200 ҳазор нафариро доро мебошад.

Аммо коршиносони тоҷик муътақиданд, ба далели пойбандии бештари ҷамъияти мусалмони Тоҷикистон ба дини Ислом, тарҳи танзими ҷамъият аз роҳҳои пизишкӣ дар шароити ин ҷумҳурӣ қобили пазириш нахоҳад буд.