Кумаки 10 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё барои муқобила бо таҳдиди кӯли “Сарез”
(last modified Wed, 10 Oct 2018 04:51:54 GMT )
Октябр 10, 2018 09:51 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 10 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё барои муқобила бо таҳдиди кӯли “Сарез”

Бонки Рушди Осиё аз ҷудо кардани кумаки билоивази 10 миллиондолларӣ ба Тоҷикистон барои омӯзиши муқобила бо хатари тахриби эҳтимолии садди кӯли “Сарез” ва эҷоди маркази иттилоърасонӣ аз ҳодисаҳои табиӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сайти “Спутник”, созишномаи ихтисоси ин кумаки молиро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Прадип Сривастава, намояндаи Бонки Рушди Осиё дар шаҳри Душанбе имзо карданд.

Бар асоси ин барнома, то соли 2024 маркази иттилоърасонӣ аз ҳаводиси табиӣ дар Тоҷикистон таъсис хоҳад шуд, ки яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти он насби таҷҳизоти пешрафтаи назоратӣ ва контроли 24 соата бар авзои кӯли “Сарез” дар вилояти Бадахшон хоҳад буд.

Қаблан донишмандони зистшинос ҳушдор дода буданд, дар сурати бурузи ҳар навъ ҳодисае монанди зилзила, ки мунҷар ба тахриби эҳтимолии садди кӯли “Сарез”др вилояти Бадахшон шавад, оби пушти сад ҷорӣ ва зиндагии шаш миллион нафар аз сокинони кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон бо таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад.

Тӯли кӯли “Сарез” 70 километр, умқи он 505 метр ва захоири оби пушти садди табиии он 70 километри мукааб аст, ки пас аз зилзилаи 7,2 риштерии декабри соли 2015 дар вилояти Бадахшон, бархе аз расонаҳои минтақа эҳтимоли тахриби садди ин кӯл ва ҷорӣ шудани оби онро матраҳ карда буданд.

Кӯли “Сарез” бар асари зилзилаи шадиди соли 1911 ва суқути қитъаи бузурге аз кӯҳ бар сари роҳи рӯди Мурғоб дар умқи кӯҳистони вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва дар баландии се ҳазору 63 метрӣ аз сатҳи баҳр падид омадааст.