20 миллион доллар ҳазинаи сохти корхонаи тавлиди автобус ва мошини боркаш дар Тоҷикистон
(last modified 2018-10-11T04:52:07+00:00 )
Октябр 11, 2018 09:52 Asia/Dushanbe
  • 20 миллион доллар ҳазинаи сохти корхонаи тавлиди автобус ва мошини боркаш дар Тоҷикистон

Мақомоти ҳукумати Тоҷикистон эълом кардаанд, ки барои сохти нахустин корхонаи муштараки тавлиди автобус ва мошини боркаш бо Туркия 20 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд.

Ба нақл аз Ка-Ниюз, созишномаи сохти ин корхонаи муштарак миёни Тоҷикистон ва ширкати туркияии Lasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi-ро ҳукумат барои тасвиб ба маҷлиси намояндагон ироа кардааст.

Бар асоси барномаи муштараки шаҳрдории Душанбе ва ширкат туркияии Akia, тарҳи сохти ин корхона дар як сол такмил ва заминаи иштиғоли беш аз 240 шаҳрванди Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.  

Саҳми ҳар як аз тарафҳо дар ҳазинаи ин корхона 10 миллион доллар хоҳад буд.

Ин корхона метавонад 250 то 300 дастгоҳ автобус ва мошини боркаш дар сол тавлид кунад, ки дар масирҳои даруни шаҳрӣ ва буруни шаҳрӣ истифода хоҳанд шуд.

Ба манзури ошноӣ бо раванди сохти панҷ навъ автобуси мусофирбарӣ ва мошини боркаши туркияии Akia, 40 мутахассиси тоҷик дар Туркия омӯзиш дидаанд, ки дар тавлиди ин васоили нақлия дар корхонаи Душанбе фаъолият хоҳанд кард.