Танини шодии рӯзи Истиқлол дар сарзамини форсизабони Тоҷикистон
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба пешрафтҳои ин кишвар дар даврони истиқлол, бар ҳифзу посдорӣ аз давлати мустақили Тоҷикистон таъкид кард ва аз мардум хост то ин ҳадяро чун гавҳари чашм азиз бидоранд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни бошукӯҳи 25-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон гуфт, ки дар 15 соли гузашта суръати миёнаи рушди иқтисодии ин кишвар ба 8.7 дарсад расида ва будҷаи давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ ба 18 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ҳамзамон даромади тоҷикон 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфта ва дар айни ҳол сатҳи маҳрумият дар мамлакат ба як саввум коҳиш ёфта ва аз 83 дарсади соли 2000 ба 31 дарсад дар соли 2015 расидааст.
Раҳмон гуфт, дар даврони истиқлоли Тоҷикистон ҷамъият аз 5.5 миллион нафар ба ҳудуди 9 миллион нафар афзоиш ёфта ва синни умед ба зиндагӣ аз 73.5 сол бештар шудааст.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёдоварии рӯзҳои сахти солҳои аввали истиқлол, мардуми тоҷикро ба талош барои ҳифзи сулҳ, оромиш ва рушди низомманди кишварашон даъват кард.
Ин рӯзҳо ба хурсандии 25-умин солгарди Истиқлоли миллати Тоҷикистон аз сайтараи Шӯравии собиқ, миллионҳо тоҷик ба ҷашн ва шодмонӣ машғуланд ва суруди шодӣ дар ҷой- ҷойи ин сарзамини форсизабон танинандоз шудааст.
Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991, бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлол ёфт.
Имсол ба муносибати ҷашни Истиқлол ва Иди Сайиди Қурбон, дар Тоҷикистон чаҳор рӯз пай дар пай таътил аст ва мардум ба ҷашну сурури биступанҷумин соли истиқлоли кишварашон машғуланд.