Октябр 17, 2018 21:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури пурранги Эрон дар Ҷашнвораи филми “Дидор”-и Тоҷикистон

Дар ҳаштумин Ҷашнвораи байналмилалии филми “Дидор” дар Тоҷикистон намояндагони ҷумҳурии исломии Эрон ҳузуре пурранг доранд.

Ба нақл аз Форс, дар ҳаштумин Ҷашнвораи дусолонаи байналмилалии филми “Дидор”, ки рӯзи гузашта дар пойтахти Тоҷикистон оғоз шуд, теъдоде аз коргардонҳо ва коршиносони синамо аз Эрон ҳузур ёфтаанд.

Ифтитоҳи ин ҷашнвора ба посдошти хадамоти Тоҳир Собиров, коргардони фақиди тоҷик ба пахши қисматҳое аз филми “Марг судхур” бар асоси романи маъруфи устод Садриддин Айнӣ ва чанд асари дигари вай ихтисос ёфт.

Дар нахустин рӯзи ин ҷашнвора, филмҳои синамоӣ ва аниматсияи коргардонҳои тоҷик “Хонаи меҳр”, “Дунё”, “Саҳв”, ва “Зулфияи нозанин” ва “Лак-лаки табиб” ва ҳамчунин осори меҳмонони хориҷӣ дар чанд толор ба намоиш гузошта шуд.